Download Video and Audio from YouTube

Дили мо (Дар хуни чигар хамчун хубоб аст дили мо)

476 views 13 0

Дар зери ниқоб аст дили мо Дар хуни ҷигар ҳамчу ҳубоб аст дили мо, Аз ними нафас оҳи хароб аст дили мо. Мо тоби тафу шӯълаи рухсор надорем, Аз як нигаҳи гарм кабоб аст дили мо. То аз назари марҳамати ёр фитодем, Чун шишаи холӣ зи шароб аст дили мо. Омад ба нишон тири ту, чандон ки ту гӯӣ, Дар зери пару боли уқоб аст дили мо. Эй шух, дар он шаҳр, ки дилдор ту бошӣ, Аз касрати дил дар чи ҳисоб аст дили мо? Осуда зи туфону канорем дар ин баҳр, Монанди садаф дар таҳи об аст дили мо. Раҳ дуру рақибон ҳама рафтанд ба манзил, Фарёд, ки шуд рӯзу хароб аст дили мо. Қассоб, сад афсус, ки дар пардаи ғафлат, Умрест, ки дар зери ниқоб аст дили мо.